Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти афроди бештари ғайриқонунӣ дар Карочӣ


Бино ба хабари матбуоти Покистон, пулиси Карочӣ рӯзи ҷумъа 150 нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистону Банглодешро, ки ғайриқонунӣ вориди Покистон шудаанд, боздошт кардааст. Бино ба хабарҳо, шумораи афроди боздштшуда дар ду рӯзи ахир акнун ба 200 нафар мерасад. 50 нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар ҷараёни як амалиёти вижа боздошт шуда буданд ва дар миёни онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷониби Покистон дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорат хабаре надодааст. Пулис гуфтааст, афроди боздоштшуда мавриди бозпурсӣ қарор хоҳанд гирифт, то рӯшан шавад, ки дар миёни онҳо афроди иртиботдошта бо Толибон низ ҳастанд ё хайр.
XS
SM
MD
LG