Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти интихоботии Карзай ва Абдулло ноком шуд


Бино ба гузоришҳои таъйиднашудаи матбуоти Ғарб, музокироти интихоботии Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло-ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба нокомӣ анҷомидааст. Тибқи ин гузоришҳо, акнун оқои Абдулло барои байкот кардани даври дуввуми интихобот, ки барои 7-ӯми ноябр дар назар гирифта шудааст, омодагӣ мегирад. Дар ин бора яке аз хабарнигорони телевизиони CNN сӯҳбат кардааст ва хабаргузории Ассошиейтед Пресс иттилоъ мунташир сохтааст. Вале дар ин бора хабари расмӣ ба чоп нарасидааст. Тибқи ин хабарҳо, мумкин аст оқои Абдулло-номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон дар бораи даст кашидани худ аз ширкат дар даври дуввуми интихобот тасмими худро дар рӯзҳои ахири ҳафта эълон кунад. Даври дуввуми интихобот замоне эълон шуд, ки СММ гуфт, натиҷаҳои интихобот ба нафъи Ҳомид Карзай тақаллуб шудааст.
XS
SM
MD
LG