Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як баҳси нави энергетикӣ


Бо вуҷуди ин ки "Барқи Тоҷик" далели истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқи Қазоқистонро рад накардааст, вале бо гузашти чанд рӯз аз ин хабар ин муассиса то ҳол дар ин бора хабари расмӣ ба табъ нарасондааст. Посухи ин кишвар ба ҷониби Қазоқистон низ норӯшан боқӣ мемонад ва ҳатто маълум нест, ки Тоҷикистон ба чунин хабар ба Қазоқистон посух додааст ё не ва ё посух ба қавли маъруф ҳамон масалест, ки мегӯянд "Сукут аломати ризост".

Муддате пеш Мурод Дусалиев, муовини аввали мудири ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои барқи миллии Қирғизистон», эҳтимоли ихроҷи Қазоқистонро аз Иттиҳоди системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ ба меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон марбут хонд. Ӯ афзудааст, ки изҳороти намояндагони барқи ҷониби қазоқ дар мавриди ихроҷи ин кишвар аз иттиҳоди системи барқи Осиёи Марказӣ ҳушдор ба Тоҷикистон будааст, ки нерӯи барқро аз ин ҳалқа аз меъёр бештар истифода бурдаанд ва ин раванд идома дорад. Аммо, Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Ширкати «Барқи тоҷик»-и Тоҷикистон, ба хабаргузориҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин ҳолат ба сабабҳои техникӣ иртибот доштааст.

Дар ҳоле ки ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки Тоҷикистон чӣ миқдор нерӯи барқи ғайримеъёриро ғайриқонунӣ аз ин ҳалқа истифода кардааст, Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон мегӯяд, узвияти Тоҷикистон дар ин системаи ягонаи таъминии энергетикӣ хуб аст. Вале, дар масъалаи ғайримеъёрӣ истифода шудани нерӯи барқ бояд назорати доимӣ таъмин бошад. То чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда шавад. «Масъала масъалаи ташкилотӣ аст, на ин ки сатҳи давлатӣ. Ва ин корҳо бояд дар доираи созишномаи ҳамкориҳои соҳавӣ ҳалли худро ёбанд»

Масъуд Собиров, иқтисодшинос, меафзояд, дар сурате ки ҷониби Қазоқистон ҳолати ғайриқонунии истифодаи барқи Тоҷикистонро тасдиқ карда тавонад, яъне бидуни огоҳӣ ин кишвар барқро аз меъёр зиёд истифода кардааст, масрафкунанда, маҷбур аст, ки ҷуброн пардохт кунад. Новобаста аз он ки худи Тоҷикистон эҳтиёҷи бештар ба барқ дорад ва тавони молии кофӣ надорад. Аммо рӯшан нест, ки Тоҷикистон чӣ миқдор барқро истифода кардааст ва чи қадр бояд ҷуброн пардохт кунад. Масъуд Собиров гуфт: «Маълум аст, ки Тоҷикистон ба барқ дар ҳудуди 50 дарсад эҳтиёҷ дорад, вале кӣ гуфта метавонад, ки 50 дарсади барқро Тоҷикистон аз Қазоқистон пинҳонӣ гирифтааст. Зимистон ҳам Тоҷикистон барқро бо арзиши қимат мефурӯшад».

Коршиносони тоҷик аз вазъи коҳиш ёфтани таъмини барқ дар фасли зимистон, вале фурӯши он ба бозори беруна, мегӯянд, механизми шаффоф ва ошкоро дар соҳа роҳандозӣ нашудааст ва ин аст, ки сол то сол системаи печидаи он ошкор мешавад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгар, ба он назар аст, ки масъалаи иқтидор ва ё кафолати таъмини маблағгузорӣ барои Тоҷикистон хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро зарур аст, ки пеш аз ҳама дар роҳи пардохти ҷуброни истифодаи ғайримеъёрии барқи «Шабакаҳои барқи миллии Қирғизистон» аз эҳтиёт кор бигирад. Чунки ҳоло қарзи Тоҷикистон дар назди «Сангтӯда -1» ҳудуди 30 миллион доллар аст, меафзояд таҳлилгар, ва идома медиҳад, ки зимни сафари охири роҳбари Тоҷикистон ба Русия ин масъала ҳалли худро бо душворӣ ёфт. Яъне, ки ҳоло ин маблағ аз ҷониби Русия бахшида нашудааст ва бояд Тоҷикистон пардохт кунад.

Пас боз чӣ гуна метавонад, ҷуброни навбатиро ба Қазоқистон пардохт кунад? Оғои Маҳмадазимов афзуд, Тоҷикистон метавонад дар ҷуброни истифодаи аз меъёр зиёди барқи Қазоқистон аз роҳи созиш кор бигирад. Зеро, дар зимистони дарпешистода Тоҷикистон зарурати бештар ба барқ дорад. Вале дар тобистон метавонад ҷубронро аз ҳисоби барқи худӣ ба Қазоқистон ҷуброн кунад. Лекин, беҳтар он аст, ки вақте мо дар ин система ҳастем, бисёртар оиди истиқлоли энергетикии худ не, балки оиди ҷуброни оби мо, ки кишварҳои поиноб бояд ба мо ҷуброн кунанд, кор кунем. Дар ҳар сурат, ифшои истифодаи ғайриқонунии барқи Қазоқистон аз тарафи Тоҷикистон шояд танҳо намунае байни кишварҳои вориди шабакаи муштараки барқрасонии Осиёи Марказӣ бошад, ки акнун ба моҷароҳои оби Осиёи Марказӣ илова мешавад.
XS
SM
MD
LG