Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Непал нақл мекунем.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола, ки дар пойтахти Непал – шаҳри Катманду ҷараён дорад, дар гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик пас аз се даври мусобиқа бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор доранд. Тоҷикистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 4:0, бар Фаластин бо ҳисоби 3: 0 ва бар Непал бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Рақибони Тоҷикистон, инчунин, Яман ва Урдун мебошанд. Сабқати гурӯҳи «А» 4-уми ноябр ба анҷом мерасад.

Ин ҳафта Расул Боқиев, паҳлавони машҳури тоҷик, қаҳрамони Русия дар риштаи гуштии дзюдо дар соли 2009 гардид. Расул Боқиев, ки шаҳрвандии Русияро пазируфт ва дар айни ҳол дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Русия, ки дар шаҳри Налчики Кабардину Балқар баргузор шуд, дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ кард. Барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: «Баъди ин пирӯзӣ ман ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Русия дохил шудам ва соли оянда дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, инчунин, мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо дар шаҳри Венаи Австрия ва дар сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон ширкат хоҳам кард. Бинобар ин аз ҳоло бо роҳбарии устодам Владимир Елчанинов ба мусобиқоти соли оянда ҳамаҷониба омодагӣ мебинам».

Ин ҳафта дар Тоҷикистон барои аввалин бор мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ баргузор шуд. Толеъ Холназаров, раиси Федеросиюни пауэрлифтинг ва бодибилдинги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бахтовар Ҷабборов, қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон, шарафи кишварро барои аввалин бор дар сабқати ҷаҳонии бодибилдинг ё бадансозӣ, ки аз 3-юм то 8-уми ноябр дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ҳимоя хоҳад кард».

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Бозиҳои севуми Осиёӣ дар иншооти сарпӯшида, ки 31-уми октябр дар пойтахти Вйетнам – шаҳри Ҳошимин шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад кард. Сармураббии даста Дамир Камолиддинов ба Радиои озодӣ гуфт: «Бар асоси қуръакашӣ мо ба гурӯҳи «В» дохил шудем. Ин гурӯҳи сахт аст. Ин гурӯҳ ба истилоҳ «гурӯҳи марг» мебошад. Зеро рақибони мо – дастаҳои Ҷопон ва Тайланд хеле пурқувватанд. Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар назди мо вазифа гузоштааст, ки ба даври баъдӣ роҳхат бигирем. Бинобар ин кӯшиш мекунем, ки ин вазифаро иҷро кунем».

Дар ин барнома, ҳамчунин, гузориши ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар бораи мактаби варзишии ноҳияи Ҷиргатол ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Инчунин дар ин барнома шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳонӣ ошно мекунем:

Эстафетаи машъали Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2010, ки дар шаҳри Афина фурӯзон шуд, 106 рӯз идома меёбад. Дар эстафета, ки аз Юнон то Ванкувери Канада 45 ҳазор километрро дар бар мегирад, 12 ҳазор кас ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳоле ки Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба кори омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 шурӯъ кард, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ мехоҳад мизбони Олимпиадаи соли 2020 шавад. Данни Ҷордаан, раиси кумитаи тадорукоти мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, иброз доштааст, Африқо дар сайёра ягона қитъаест, ки дар он ҷо то ҳоло Бозиҳои олимпӣ барпо нашудаанд. Бинобар ин Кумитаи байнулмилалии олимпӣ бояд сари ин масъала андеша кунад. Данни Ҷордаан пас аз дидор бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун изҳор кардааст, ки Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ метавонад се шаҳр – Йоханнесбург, Дурбан ва Кейптаунро ҳамчун пойтахти Олимпиада пешниҳод намояд.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Барнома шоми 29-уми октябр ва субҳи 30-юми октябр пахш шудааст.
XS
SM
MD
LG