Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон


Мулоқоти Ҳилларӣ Клинтон бо занони покистонӣ

Мулоқоти Ҳилларӣ Клинтон бо занони покистонӣ

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, сафари серӯзаи худро ба Покистон ба поён расонд.

Ин сафар қарор буд, сафҳаи наверо дар муносибатҳои начандон осони байни Вашингтон ва Исломобод боз мекард. Клинтон онро барои тақвияти ҳукумати ғайринизомии Покистон ва муқовимат ба эҳсосоти афзояндаи зиддиамрикоӣ дар ин кишвар истифода кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе вай ба ҳарбиёни покистонӣ суханони хуше гуфт. Ба ҳарбиёне, ки дар ҷанги, ба гуфтаи хонуми Клинтон, шуҷоатмандона, зидди ситезаҷӯён ҷонбозӣ мекунанд.

Вале як рӯз баъдаш лаҳни гуфтори ӯ иваз шуд ва бо коҳишу танбеҳ омехт. Дар дидор бо журналистони покистонӣ дар шаҳри шарқии Лоҳур, Клинтон гуфт, Исломобод дар шикори Ал-Қоида кори бештаре карда метавонад ва ҳадс зад, ки мақомот дар куҷо паноҳ бурдани Усома бин Лодин ва дигар сарварони ваҳшатафканиро медонанд.

Вай гуфт, Ал-Қоида аз соли 2002 ба ин сӯ дар Покистон паногоҳи амне ёфтааст ва бовар кардан душвор аст, ки касе дар ҳукумати Покистон дар куҷо пинҳон будани онро надонад.

Ишораи Клинтон дар рӯзҳои ҳассос, дар авҷи ҳамлаи густардаи ҳарбиёни покистонӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ, ки паногоҳи эҳтимолии Ал-Қоида ба шумор меравад, садо дод. Ва дар рӯзи зарбаи марговари ситезаҷӯён, ки соатҳое пас аз вуруди хонуми Клинтон ба Покистон дар рӯзи чаҳоршанбе дар Пешовар ба вуқӯъ пайваста зиёда аз 100 кушта ба ҷой гузошт.

Дар Покистон ҳамчунин талабҳои Амрико ба таври ғашовар пазируфта мешаванд. Дар мулоқоти Клинтон рӯзи панҷшанбе, як донишҷӯи лоҳурӣ ҳадс зад, ки Вашингтон ба Покистон фишор меоварад, то дар қаламрави худ даст ба амалиёти ҳарбӣ занад.

Истифода аз мушакҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин як мушкили дигари байни ду кишвар шумурда мешавад. Сари бастаи кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида дар ҳаҷми 7,5 миллиард доллар низ мунозираҳое вуҷуд дорад. Бархе аз покистониҳо мегӯянд, шартҳои ин тарҳ хилофи қонуни асосии Покистонанд.

Мардум дар кӯчаҳои Исломобод ба масъала дидгоҳҳои омехта доранд. Соҳибкор Ҷавод Алӣ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бидеҳкори Покистон аст, зеро Исломобод вориди ҷангест, ки Амрико онро оғоз кардааст:

Вай мегӯяд, "артиши Покистон дар марз даргир аст ва сарбозонаш ба шаҳодат мерасанд. Мо зидди мардуми худ меҷангем. Ин ҷанги амрикост дар сари мо, ин ҷанги мо нест. Амрикоиҳо бояд нархи ин ҷангро ба мо бипардозанд. Пуле диҳанд, ки артиши мо онро истифода карда тавонад."

Аммо пизишке бо номи Усмон Балуч мегӯяд, "ҳалли мушкил ба дасти худи мардуми Покистон аст. Бояд ниҳодҳо ва сиёсатҳоро иваз кард. Танҳо бо пуле, ки аз хориҷ дода мешавад, артиш, ҳукумат ва кишвар беҳтар нахоҳанд шуд."

Пас аз дидор бо сарони қабоил ва аъзои порлумон Клинтон сафари худро дар Покистон ба поён расонд ва акнун дар Ховари Миёна ба баҳси Исроилу фаластиниҳо хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG