Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ояндаи наздик хоҳишмандон метавонанд, номи сомонаи худро на танҳо бо ҳуруфи лотинӣ балки бо ҳуруфи дилхоҳашон, аз ҷумла сириллик бинависанд.

Ҳатто бо сириллики тоҷикӣ, ки аломатҳои изофии махсус дорад.

Навиштани вебсайтҳо бо ҳуруфи арабиву чинӣ ҳам як чизи оддӣ хоҳад шуд. Таври маъмул аз чиҳил соли пеш то кунун номгузории вебсайтҳо танҳо бо ҳуруфи лотинӣ сурат мегирифт. Имрӯз, муассисаи ғайриҳукуматии амрикоии Айкан, ки масъули назорат ва мудирияти номгузориҳо дар интернет аст, иҷоза дод, то номгузориҳо бо ҳуруфи дилхоҳи ғайрилотинӣ ҳам сурат бигирад.

Дар саросари ҷаҳон бештар аз як миллион нафар корбарони интернет ҳастанд, ки ҳуруфи лотинӣ барояшон бегона аст. Вале онҳо то кунун аз ҳуруфтахта (клавиатура)-е истифода мебаранд, ки бояд ҳатман ҳуруфи лотинӣ дошта бошад.

Акнун муассисаи ғайриҳукуматии АЙКААН мегӯяд, бо тағйири низоми номгузорӣ, ба корбарони интернет дар саросари ҷаҳон, сар Русия то Афғонистон ва ё аз Ироқ то Чин сайругашт дар интернети беканор осонтар хоҳад шуд.

Муассисаи мазкур низоми номгузории наверо тасвиб намуд, ки ба ғайр аз ҳуруфи лотинӣ истифода аз ҳуруфи арабиасосу осиёиро ҳам иҷоза медиҳад. Қарор дар мавриди тағйири номгузорӣ рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои ҳуккоми созмони АЙКААН ҳосил шуд. Ин созмон мегӯяд, дар ниҳоят бо навиштани номи ҳар вебсайт бо ҳуруфи дилхоҳ онро пайдо мекунед ва метавонед вебсайтҳоро низ бо ҳуруфи дилхоҳ номгузорӣ кунед.

Масалан дар Тоҷикистон шумо метавонед, сайти худро бо ҳуруфи кириллӣ номгузор кунед ва боз кардани он ҳам дар ҳар гӯшаи дунё имконпазир хоҳад буд. Ҳамингуна дар Эрон бо хатти форсӣ ва дар Чину Ҷопону Куриёҳо бо иероглифҳои худашон. Ҳоло тамоми сомонаҳо, торнигор ва имейлҳоро бояд бо ҳуруфи лотинӣ нависед, зеро интернет дар Амрико офарида шудааст, кишваре, ки аз ҳуруфи лотиниасос истифода мебарад.

Бред Вайт – сухангӯи АЙКААН дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Интернет аз Амрико реша гирифтааст. Аммо ин чандин сол пеш буд. Ҳоло Интернет як ташаккули мухобиротии ҷаҳонист, вале ҳанӯз ҳам ба як навъ ҳамоҳангӣ дар нишонигузорӣ зарурат дорад. Ин аст вазифаи АЙКААН. Ҳамин аст вазифаи мо. Мо имконпазир мекунем, ки шумо ҳар вақте ки як нишонии вебсайтро навиштед, ба ҳамон бирасед. Мо ба ғайр аз ҳамоҳангсозии системи номгузорӣ дар Интернет дигар ба чизе назорат намекунем."

Вазифаи дигари АЙКААН тазмин додани он аст, ки ҳар вебсайт номи хос дошта бошад ва яке ба дигарро омехта накунанд. Барои расидан ба низоми нави номгузорӣ барномарезон, кори сахтеро анҷом додаанд, то шиносоии ҳуруфи мухталиф осон шавад.

Ду сол низоми навро таҷриба карда ва аввал номгузорӣ бо 11 ҳуруфи аслиро санҷидаанд. Аммо гузаштан ба низоми нав ҳам содда нахоҳад буд ва то соли 2010 муяссар нахоҳад шуд.

Бред Вайт мегӯяд: "Мо беҳтар аст оҳиста ва дуруст кор кунем, на бо шитобзадагӣ, ки баъдан сари калобаро аз даст диҳем. Масъалаи рақами як дар низоми нишонагузории Интернет, амнияту субот аст, ба ҳамин хотир мо гузариши қадам ба қадамро интихоб намудем."

Дар Тоҷикистон агарчӣ теъдоди корбарони Интернет бештару бештар мешавад, аммо сомонаҳои интернетӣ ва вебсайтҳои сирф бо ин забон камтар аст. Теъдоди корбарони Интернет дар кишварро бештар аз 600 ҳазор нафар ё наздик ба як миллион нафар медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG