Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳиссаи кӯмаки Аврупо ба кишварҳои фақир


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар як ҳамоише дар шаҳри Брюссел тавофуқ карданд, то солона барои мутобиқ шудани кишварҳои фақир ба гармоиши иқлим ба онҳо 74 миллиард доллар кӯмак намоянд. Аммо айни замон ҳеҷ кишвари иттиҳодия ҳиссаи мушаххаси худро эълом накардааст, зеро ба гуфтаи Хосе Мануэл Барроссо – раиси Кумиссиёни Аврупо ин иқдом ба иқдоми кишварҳои берун аз иттиҳодия иртибот дорад. Фредрик Рейнфелдт – нахуствазири Шветсия, гуфт, “акнун аврупоиҳо дар музокироти байналмилалӣ барои коҳиши газҳои гӯлхонаӣ аз мавзеъи қавитаре музокира хоҳанд кард.” Ҳамоиши байналмилалӣ дар робита ба тағйири иқлим моҳи декабр дар шаҳри Копенҳагени Дания баргузор мешавад. Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ кардааст, то ҳаҷми газҳои гӯлхонаиро то соли 2020 партоби газҳои гӯлхонаиро 20 дар сад кам кунанд.
XS
SM
MD
LG