Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бими Укроин аз доман задани зукоми хук


Мақомоти Укроин аз бими густариши бемории зукоми хук имрӯз тамоми мактабҳоро бастанд, маросимҳои оммавиро лағв ва омаду рафти мардумро барои се ҳафта маҳдуд карданд. Ин қарори фавқуллода дар Укроин пас аз таъйиди нахустин мавриди марг аз зукоми хук дар он кишвар қабул шуд. Юлия Тимошенко – нахуствазири Укроин гуфт, дар сурати зарурат, мӯҳлати маҳдудиятҳо тамдид карда хоҳад шуд. Ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи ҳукумат, Юлия Тимошенко гуфт, ҳукумат бо раҳандозии низоми махсус нахоҳад гузошт, то мардум бидуни зарурат аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд. Пештар аз ин вазорати беҳдошти Укроин таъйид кард, ки яке аз мавориди 30 марг дар шарқи кишвар бар асари бемории зукоми хук будааст.
XS
SM
MD
LG