Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз Эрон хостанд, созиши атомии пешниҳодӣ аз сӯи Созмони Милалро бипазирад. Эрон хостори ислоҳи ин созиши атомӣ шуда ва ба гуфтаи матбуоти ғарбӣ бандҳои аслии онро низ напазируфтааст. Бар асоси созиши ҳастаӣ, Эрон бояд сеяки ураниуми нохолиси худро ба Русияву Фаронса мефиристад, то дар онҷо ба сӯхти атомӣ табдил дода ва сипас истифода дар реактори таҳқиқотии Эрон ба ин кишвар баргардонанд. Ҳадаф аз ин созиш рафъи нигарониҳои қудратҳои ҷаҳонист, ки мегӯянд, Эрон қасд дорад, силоҳи атомӣ бисозад. Дар баёнияи Иттиҳодияи Аврупо, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, “пешрафт дар ин созиш, роҳро барои муносиботи фарогир миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон ҳамвор ва роҳро барои ҳамкориҳои муфид барои тарафайн боз хоҳад кард.”
XS
SM
MD
LG