Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози марҳилаи нави омодагӣ ба интихобот


Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон

Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон эълон кард, ки марҳилаи фаъолонаи омодагӣ ба интихоботи ояндаи порлумониро оғоз кардааст.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, асноди ҳуқуқии марбут ба интихоботи порлумонӣ интишор ёфта, ба зудӣ ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ фиристода хоҳанд шуд. Вай омода кардани интихобкунандагонро ба маъракаи муҳими сиёсӣ вазифаи асосии ин марҳила аз кори кумиссюн номид.

Аммо вай аз бетаваҷҷӯҳии созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба интихобот ба изҳори ноқаноатмандӣ кард. Ҷаноби Додоҷонов ба радиои Озодӣ гуфт дар остонаи интихоботи соли 2004 ҳанӯз як сол то шурӯи интихобот созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бо алоқаи зиёд дасти ёрӣ дароз мекарданд.

Вале ба қавли ӯ, дар соли равон аз суи онҳо то кунун таваҷҷӯҳе зоҳир нашудааст. «Мутаассифона ба маъракаи сиёсии моҳи феврал на аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ва на аз тарафи сафоратхонаҳои кишварҳои муқими Тоҷикистон ҳеҷ кӯмаке нарасидааст. Ва мизи гирдҳову конфронсҳое, ки бо пуштибонии ин созмонҳо баргузор карда мешуданд, сурат нагирифтаанд.»

Бо ин ҳол суоле пеш меояд, ки бетаваҷҷӯҳии кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба интихоботи порлумони Тоҷикистон як навъ дилсардӣ аз наҳваи баргузории интихоботҳои пешини Тоҷикистон намебошад?

Раиси дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихобот мегӯяд, ки кишвар аслан ин тавонро дорад, ки як интихоботи мунсифона ва шаффоф баргузор кунад. Вале бархӯрди тақрибан бетафовути ниҳодҳои байнулмилалӣ аломати дилсардӣ набуда, балки бар асари бӯҳрони молӣ пеш омадааст.

Аммо раиси ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ камтаваҷҷӯҳии созмонҳои байналмилалӣ ба интихоботи Тоҷикистонро ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ марбут намедонад, балки сабаб, ба қавли ӯ, ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон пешниҳодҳои созмонҳои байнамилалӣ ҷиҳати ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистонро напазируфтанд ва ба онҳо аҳамият надодаанд.

Дар ҳамин ҳол раиси Анҷумани миллии сиёсатшинони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, мегӯяд, дар сурате ки танҳо ҳукумати кишвар барои баргузории интихобот маблағ ихтисос медиҳад ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар омода карданаи нуқтаҳои раъйдиҳӣ вазифадор мекунад, ҳатман як масъалаи дигар пеш меояд, ки дахолати бевоситаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҷараёни раъйдиҳӣ мебошад.

Вай мегӯяд: «Ин кори сахт душвор ва мушкили аслии интихобот дар Тоҷикистон аст. Ҳоло мо мегӯем, ки ба КМИР маблағ ба таври кофӣ пешбинӣ намешавад. Дар ин ҳолат махсусан комиссюнҳои ҳавзавӣ ва маҳаллӣ маҷбуранд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар манотиқ муроҷиат кунад, ҳадди ақал барои биноҳо ва ё воситаҳои техникӣ. Интихоботҳои мо асосан дар бинои макотиб ва қасрҳои ба истилоҳ фарҳангӣ ва бо ҳузури мустақими кормандони ин муассисот доир мешавад. Ва худи ин раванд дасти дахолати кормандони муассисаҳои вобаста ба ҳокимиятҳои маҳаллиро ба интихобот дароз мекунад, чаро ки онҳо мегӯянд мо барои шумо шароити баргузории интихоботро муҳайё кардем ва мо ҳақ дорем дар ҷараёни интихобот ҳузур дошта бошем.»

Дар ҳоли ҳозир кумиссюни марказии интихобот бо ин бовар аст, ки бо такя ба неру ва захираҳои дохилӣ як интихоботи шаффоф дар Тоҷкиситон бургузор хоҳад шуд. Интизор меравад дар миёнаҳи моҳи ноябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори рӯзи баргузории интихоботро имзо кунад.

Дирӯз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълон карданд, ки ба ширкат дар интихобот омодаанд. Аммо ин омодагӣ алҳол танҳо дар дохили аҳзоб ҷараён гирифта, аҳзоби мазкур мехоҳанд, маъракаи таблиғотиро пас аз оғози расмии он шурӯъ намоянд.

Ба ақидаи коршиносон, омодагии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба интихоботи порлумонии моҳи феврали соли оянда низ назаррас намебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG