Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев:"Рафтори Сталин нобахшиданист"


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия, гуфт, қатли миллионҳо нафар дар замони ҳукмронии золимонаи Иосиф Сталин дар шӯравии собиқ тавҷеҳнопазир аст. Дмитрий Медведев дар остонаи рӯзи ёдоварӣ аз қурбониёни репрессияи сиёсӣ замони Сталин, дар блоги хусусиаш таъқибҳои сиёсии аҳди Иосиф Сталин дар солҳои 30-умро “яке аз фоҷиаҳои бузурги таърихи Русия” хондааст. Вай иддаъои онҳоеро рад кардааст, ки мегӯянд, истибдоду зулм ва қатли миллионҳо нафар дар ӯрдугоҳҳои корӣ ба хотири “арзишҳои болотари давлатӣ” будааст. Дмитрий Медведев гуфтааст, “ҳеҷ чизеро набояд болотар аз ҳаёти инсонӣ гузошт” ва “ҳеҷ чиз наметавонад саркӯбиро тавҷеҳ кунад”. Дар замони ҳукмронии Сталин садҳо нафар аз зиёни тоҷик низ ба Сибир бадарға ва ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG