Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон се тоҷикро боздошт кардаанд


Матбуоти Покистон мегӯяд, зимни як амалиёт ба зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар шаҳри Карочӣ се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт шудаанд. Рӯзномаҳо аз қавли маъмурони пулис навиштаанд, ки ҳар се нафар дар масҷиди Низомободи Шимолӣ боздошт шудаанд ва санадҳои қонунӣ барои ҳузур дар Покистонро надоштанд. Ин се нафарро, Муҳаммад Бахтиёр, Абдулҳай ва Абдулбоқир муаррифӣ намуда ва аксҳояшонро низ нашр кардаанд, ки қиёфаи тоҷикӣ доранд. Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди огаҳӣ доир ба ин қазия ҳанӯз аз мақомоти Исломобод иттилоъи расмие доир ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт накардаанд. Ҳафтаи гузашта Хайриддин Абдураҳимов – раиси Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон, дар мулоқот бо Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон, масъалаи муборизаи муштарак бо тероризм ва ифрогароиро баҳс карданд.
XS
SM
MD
LG