Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти бузург дар Интернет


Муассисаи мудирияти Интернет иҷоза додааст, то сар аз соли оянда номи вебсайтҳоро на танҳо бо лотинӣ, балки бо ҳуруфи дигар низ бигузоранд. Шӯрои ҳуккоми ICANN имрӯз иҷоза ба ҷонибдории он раъй дод, ки вебсайтҳо аз ин ба баъд ҳам бо ҳуруфи арабӣ, чинӣ, сириллик ва ҳуруфи дигар номгузорӣ шаванд. Ин бузургтарин тағйирот дар Интернет дар 40 соли ахир аст. Аз соли 1980 баъди офаридани Интернет, то кунун, вебсайтҳо танҳо бо ҳуруфи лотинӣ навишта мешаванд ва истифода аз ҳуруфи ғайрилотинӣ шуморо ба ҷое намерасонад.
XS
SM
MD
LG