Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи "маъюскунандаи Эрон ба Ғарб


Бино ба гузоришҳои матбуоти ғарбӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон зоҳиран бандҳои аслии созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳониро напазируфтааст, ки ҳадаф аз ин созиш фурӯ нишондани нигарониҳо аз барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аст. Эрон посухи хеш ба он созиши ҳастаиро рӯзи панҷшанбе ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шаҳри Вена ироа кард. На мақомоти ин оҷонсӣ ва мақомоти эронӣ ҷузъиёти посухро, ки “аввалия” хондаанд, шарҳ надодаанд. Аммо матбуоти Ғарб аз қавли дипломати Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гузориш додаанд, ки Эрон муҳимтарин банди созишномаро рад кардааст. Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” аз қавли як дипломати баландпоияи аврупоӣ навиштааст, ки посухи Эрон “аслан як сарпечӣ” аст. Бар асоси созиши ҳастаӣ, Эрон бояд сеяки ураниуми нохолиси худро ба Русияву Фаронса мефиристад, то дар онҷо ба сӯхти атомӣ табдил дода ва сипас истифода дар реактори таҳқиқотии Эрон ба ин кишвар баргардонанд.
XS
SM
MD
LG