Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида, ки 31-уми октябр дар пойтахти Вйетнам – шаҳри Ҳошимин шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад кард.

Сармураббии даста Дамир Камолиддинов ба Радиои озодӣ гуфт:
«Бар асоси қуръакашӣ мо ба гурӯҳи «В» дохил шудем. Ин гурӯҳи сахт аст. Ин гурӯҳ ба истилоҳ «гурӯҳи марг» мебошад. Зеро рақибони мо – дастаҳои Ҷопон ва Тайланд хеле пурқувватанд. Мо нахуст 31-уми октябр бо дастаи Ҷопон ва 2-юми ноябр бо дастаи Тайланд бозӣ хоҳем кард. Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар назди мо вазифа гузоштааст, ки ба даври баъдӣ роҳхат бигирем. Бинобар ин мекӯшем, ки ин вазифаро иҷро кунем».

Ба иттилоъи Дамир Камолиддинов ба ҳайати даста 13 футболбоз аз бошгоҳҳои футболи кишвар шомиланд. Инҳо - дарвозабонҳо Миралӣ Шарипов ва Анвар Мирзоев, бозигарон Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Самад Шоҳзуҳуров, Акмал Ҷумъаев, Далер Ҳақназаров, Шерзод Ҷумъаев, Фирдавс Файзуллоев, Шамшод Ниятбеков, Алишер Улмасов, Хуршед Маҳмудов ва Мансур Мамадбоев мебошанд.

Дар Бозиҳои Осиёӣ ба ғайр аз се дастаи гурӯҳи «В» - Ҷопон, Тоҷикистон ва Тайланд, инчунин, 11 дастаи дигари қора ширкат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои футзали Эрон, Макао ва Туркманистон, ба гурӯҳи «С» Баҳрайн, Урдун, Малайзиё ва Вйетнам, ба гурӯҳи «D» Кувайт, Қирғизистон, Куриёи Ҷанубӣ ва Узбакистон шомиланд.

Дамир Камолиддинов иброз дошт, ширкат дар ин Бозиҳо барои мо як давраи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё маҳсуб мешавад. Ин мусобиқа низ дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам аз 10-ум то 12-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG