Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳиши нархи нафт дар пайи нашри омори Амрико


Нашри омори ҳокии аз ҳоли пасрафт берун шудани Амрико, бузургтарин иқтисоди дунё, ҷаҳиши нархи нафтро дар пай овард. Нархи як бушкаи нафт дирӯз дар бозори Ню-Йорк 3 дарсад афзуда, ба 79 доллару 87 сент расид. Шохиси саноатии Dow Jones низ 2 дарсад боло рафт.
Амрико эълон кард, ки иқтисодаш дар семоҳаи севвуми сол 3,5 дарсад рушд кардааст. Тайи беш аз як соли охир чунин пешрафт дар Амрико бори аввал мушоҳида мешавад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, омори ҷадид ҳокии бозгашт ба масири рушд ва ақиб нишастани марҳалаи пасрафти иқтисоди Амрикост. Аммо ӯ афзуд, ки барои расидан ба эҳёи иқтисод роҳи тӯлоние ҳанӯз дар пеш аст, ки бояд тай шавад.
Иқтисоддонон мегӯянд, ин мизони рушд бо шарофати ёронаҳои давлат ба бозори фурӯши манзилу мошин ба даст омадааст. Вале таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки азбаски мизони бекорӣ дар Амрико ҳамоно баланд аст, суръати эҳёи иқтисод метавонад суст боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG