Пайвандҳои дастрасӣ

Украина шояд мизбонии Euro 2012-ро аз даст бидиҳад


Дар ғайри сурати таҳияи зербинои лозим барои баргузории мусобиқот, Украина метавонад ҳаққи мизбонии мусобиқоти соли 2012-уми қаҳрамонии футболи Аврупоро аз даст бидиҳад. Хабаргузории Associated Press аз қавли Ҷианӣ Инфантино, дабири кулли UEFA, Иттиҳодияи федеросиюнҳои футболи Аврупо, навишт, ки “дар ҳоли ҳозир чизеро наметавон истисно кард, вале мақомоти Украина медонанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин сурати ҳол кадом корҳоеро анҷом диҳанд.”
Инфантино гуфт, Украина бояд то поёни моҳи ноябр замонатҳои лозимро дар ихтиёри UEFA бигузорад.
Моҳи гузашта, масъули аршади Euro 2012 Мартин Каллен гуфт, Украина бояд ба хотири мизбонии ин бозиҳо меҳмонсароҳо, варзишгоҳҳо ва фурудгоҳҳои изофӣ бисозад.
Мизбонии бозиҳои Euro 2012-ро Украинаву Лаҳистон муштаракан бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG