Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Марҳалаи пасрафт пас рафтааст"


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, омори ҷадид ҳокии бозгашт ба масири рушд ва ақиб нишастани марҳалаи пасрафти иқтисоди Амрикост. Обама аммо афзуд, ки барои расидан ба давраи эҳёи иқтисод ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш боқӣ мондааст, ки бояд тай кард. Бино бо омори расмии ахиран нашршуда, иқтисоди Амрико аз моҳи январ то сентябр 3,5 дарсад рушд кардааст. Тайи беш аз як соли охир чунин пешрафт дар Амрико бори аввал мушоҳида мешавад.
Иқтисоддонон мегӯянд, ин мизони рушд бо шарофати ёронаҳои давлат ба бозори фурӯши манзилу мошин ба даст омадааст. Вале таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки азбаски мизони бекорӣ дар Амрико ҳамоно баланд аст, суръати эҳёи иқтисод метавонад суст боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG