Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Эквадор ду чархбол мефурӯшад


Русия ба Эквадор 2 чархболи боркаши МИ-17 мефурӯшад. Ин қарордоди 22-миллиондолларӣ дар пайи мулоқоти руасои ин ду ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва Рафаэл Корреа дар Маскав эълон шуд. Медведев ва Корреа ҳамчунин дар расми имзои қарордодҳое, ки бар асоси он, Русия дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ ду нирӯгоҳи обӣ сохта, дар истихроҷи захираҳои фаровони нафту нази он кишвар саҳм хоҳад гирифт, ҳузур доштанд. Медведев ин созишномаҳоро оғози ҳаракати Маскав ба сӯи таҳкими равобиташ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ номид. Рафаэл Корреа нахустин раҳбари Эквадор аст, ки аз Маскав дидан мекунад. Ӯ ин сафарашро “таърихӣ” номид.
XS
SM
MD
LG