Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳ барои таъсиси мақоми президенти ИА боз шуд


Мақомоти ИА мегӯянд, роҳ барои таъсиси мақоми нахустин президенти ин созмон ҳамвор шудааст. Раҳбарони ИА дар нишасти Брюссел тарҳеро тасвиб карданд, ки ба Ҷумҳурии Чех имкон медиҳад, Паймони Лиссабонро бипазирад. Мақомоти Чехия мегӯянд, акнун интизор меравад, ки раиси ин ҷумҳурӣ Васлав Клаус дар сурати ризоияти Додгоҳи Қонуни асосии кишвараш Паймони Лиссабонро имзо кунад. Додгоҳ қарораш дар ин масъаларо ҳафтаи оянда эълон мекунад. То кунун ба ҷуз аз Чехия боқӣ 26 узви ИА ин паймонро тасвиб кардаанд.
Ин паймон аз ҷумла таъсиси мақоми президенти воҳиди Иттиҳодияи Аврупоро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG