Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли СМ тадобири изофи амниятӣ мехоҳад


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун аз нирӯҳои амниятии Афғонистон ва ҷомиаи байналмилалӣ даъват кард, ҷиҳати таъмини амнияти ҳайъати кормандони СММ талоши бештар ба харҷ бидиҳанд. Ин даъват ба дунболи ҳамлаи ду рӯз пеши ҷангиёни толиб ба як меҳмонсарои СММ дар Кобул аст, ки мунҷар ба ҳалокати 5 корманди ин созмон ва 3 афғон шуд.
Бан Гӣ Мун гуфт, дар баробари таҳдидҳои ба таври ҷиддӣ афзоянда алайҳи ҳайъати СММ, ки аз талошҳои ҷангиёни толиб ба манзури тахриби даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон бармеояд, иттихози тадобири изофии амниятӣ лозим аст. Раҳбари СММ гуфт, Афғонистон ва Покистон ба манотиқи барои ходимони ин созмон хатарноктарини ҷаҳон табдил меёбанд. Бан Гӣ Мун гуфт, ки имсол бар асари хушунатҳо 27 корманди СММ кушта шудаанд. Ва беш аз нисфи онҳо дар Афғонистону Покистон.
XS
SM
MD
LG