Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "Маликаи Ориёно-2009" оғоз ёфт


Дар пойтахти Тоҷикистон озмуни саросарии маликаи зебоӣ таҳти унвони “Маликаи Ориёно –2009” оғоз ёфт.
Ин озмун бо ибтикори ширкати “ПИАР” ва таҳти сарпарастии “ТТ-Мобайл”, молики ширкати телефонии “МЛТ” баргузор мешавад. Сухангӯи “ТТ-Мобайл” Азизуллоҳ Хайруллоев гуфт, дар озмуни “Маликаи Ориёно” довталабони аз 18 то 27-сола аз тамоми навоҳии Тоҷикистон метавонанд ширкат кунанд. Довталабон бояд ҳатман муҷаррад ва қаддашон на камтар аз 165 сантиметр бошад. Озмуни “Маликаи Ориёно-2009” баъди 3 моҳи дигар натиҷагирӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG