Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мадориси хориҷӣ 3 000 тоҷик таҳсил мекунад


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷамъи донишҷӯёни тоҷикеро, ки хориҷ таълими динӣ мегиранд, беш аз 3000 нафар баровард мекунад. Гуфта мешавад, бахши аъзами ин донишҷӯён дар кишварҳое, чун Эрону Арабистони Саудӣ ва Мисру Яман таҳсили дин мекунанд.
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Мавлон Мухторов ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, зарурати ба танзим даровардани ҷараёни таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мадориси динии хориҷӣ фаро расидааст, чунки ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин толибилмон ҳангоми таҳсил таҳти таъсири ҷараёнҳои ғайр қарор гирифта, бо ақидаҳои бегона ба ватан бармегарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG