Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳритӯс аввалин шуда, нақшаи пахтаро иҷро кард


Ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон дар Тоҷикистон нахустин шуда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард. Кишоварзони ин ноҳия то имрӯз 9 200 тонна пахта ҷамъ овардаанд. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли вазорати кишоварзии Тоҷикистон навишт, ки то имрӯз дар кишвар 252 000 тонна пахта чида шудааст, ки 72 дарсад аз 350 000 тонна нақшаи имсолаи пахтаро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон имсол дар майдони 170 000 ҳектар пахта кишт кардаанд.
XS
SM
MD
LG