Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ барои ҷанг бо тундравони ӯзбак


Артиши Покистон мегӯяд, худро барои муқобила бо “гурӯҳи азими ифротгароёни ӯзбак” дар Вазиристони Ҷанубӣ омода мекунад. Азҳар Аббос – сухангӯи артиш ба Радиои Озодӣ, гуфт, сарбозони давлатӣ дар ҷараёни амалиёти васеъмиқёс ба зидди ифротгароён дар Вазиристони Ҷанубӣ шаҳри Кониггурамро муҳосира кардаанд, ки аз такягоҳҳои аслии ифротгароёни ӯзбак маҳсуб мешавад: "Ифротгароёни хориҷии ӯзбак дар ин маҳал ҳузур доранд ва инҷо бояд яке аз сангарҳои қавии онҳо бошад. Тахмин меравад, ки теъдоди онҳо бештар аз 1000 нафарро ташкил медиҳад." Ин ифротгароёнро аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон медонанд, ки хоҳони таъсиси низоми исломӣ дар Ӯзбакистон аст. Фаъолияти созмони мазкур, ки гурӯҳи терористӣ шинохта шудааст, дар қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG