Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То интихоботи порлумонии Тоҷикистон каме беш аз се моҳи боқӣ мондааст, вале довталабони курсиҳои он ором ба назар мерасанд.

Зоҳиран ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ низ барои муаррифии худ ва барномаҳои интихобот иқдоме накардааст.

Муҳиддини Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ки ҳизби онҳо дар дохил барномаҳои омодагӣ ба интихоботро ҳамаҷониба таҳрезӣ мекунад. Ва ин омодагии ҳизб аз омодагиҳои ба интихоботи пештара тафовути зиёд дорад ва тақрибан 80 дарсад омода шудаанду агар ҳамин ҳафта ҳам интихобот эълон шавад, ҲНИТ бо омодагиии том вориди он мешавад.

Вай афзуд: «Мо ҳақ надорем, ки пеш аз интихобот корҳои тарғиботӣ ва мардумиро оғоз кунем, вале корҳои дохилии ҳизб тақрибан анҷом шудааст ва дар рӯзи аввали эълони интихобот мо ворид мешавем.»

Ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ, феълан ҲНИТ беш аз 30 000 узв дорад. Ва ҷойгоҳи ҳизб низ нисбати чанд соли пеш дар дохили Тоҷикистон ва дар сатҳи ҷомеаи байналмилалӣ бориз гаштааст. Кабирӣ даъват ва иштироки роҳбарияти ҲНИТ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро бозгӯи фаъолияти ин ҳизби мӯътадили динии сиёсӣ маънидод мекунад.

Дар ҳамин ҳол Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) мегӯяд, ки ҳизби онҳо танҳо дар доираи деҳқонон, камбизоатон, омӯзгорон нуфузи зиёд касб кардааст.
Амир Қарокулов


Ӯ меафзояд, ки ҳизбаш ин табақаҳоро пуштибони худ баррасӣ мекунад ва дар барномаи интихоботӣ ҳифзи манфиати мардуми кишоварз, камбизоат ва омӯзгоронро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор медиҳад. Вай гуфт: «Омодагии мо дар интихоботи дар пешистода дар сатҳи баланд аст. Корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аъзо ва ҳавдорон пурра таъмин менамоем».

Феълан ҲАТ ба гуфтаи раиси он, 15 000 узв дорад. Ва ин ҳизб эътимод дорад ки дар интихоботи навбатӣ ҳадди ақал ду курсии порлумонро соҳиб хоҳад шуд.

Шодӣ Шабдолов раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба баргузории интихоботи шаффоф бовар надорад, зеро меафзояд, ӯ Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар интихоботи соли 2005 чандин монеаҳои сунъӣ эҷод кард.

Аммо Шабдолов бо ишора ба ваъдаи президенти Тоҷикистон дар бораи кафолати интихоботи одилона, мегӯяд, ки ҳизби зери раҳбарии ӯ номзадҳои арзандаи хешро ба интихобот омода карда истодааст.

Шодӣ Шабдолов
Вай гуфт: «Ноҳияҳое аст ки ҲКТ то 70 дарсад раъй мегирем, боз ноҳияе аст ки 7 дарсад хоҳем гирифт. Ҳафтаи пеш мо дар вазъи иқтисодӣ, маориф, сиёсии ҷомеаро мавриди таҳлил қарор додем ва ин соҳаро дар барномаи интихоботии хеш дохил мекунем».

Ҳайдулло Абдуллоев муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) -- ҷиноҳи Масъуд Собиров -- меафзояд, ки айни ҳол теъдоди аъзои ҳизби онҳо ҳудуди 10 000 нафар аст. Ва онҳо низ барномаҳои дохилҳизбии пешазинтихоботии хешро тарҳрезӣ мекунанд.

Ӯ афзуд: «Барномаи мо аст, корҳои пешазинтизхоботиии хамарӯза бурда мешавад, аст, шӯъбаҳои дахдлр барои иштирок дар сатби боло аст».

Дар ҳамин ҳол Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик, бар ин аст, ки иллати адами фаъолияти ҳизбҳои сиёси ин тарс аз ҳукумат аст. Вай меафзояд, агар ҳизбҳо фаъол шаванд, давлат рӯи онҳо фишор меорад: "Агар нуфузи зиёд гиранд, метавонад ҳукумат болои онҳо фишор орад. Барои ҳамин инҳо аз ҷаҳорчӯб намебароянд.»

Сайфулло Сафаров, муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди идораи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ҳамон вақте фаъол мешаванд, ки интихобот ба охир мерасад: «Аввал ин ки ҳизбҳо фаъол нестанд, дуввум ин ки ҳизбҳо то ҳол дарк накардаанд, ки худи натиҷаҳои интихобот аз фаъолияти имрӯзаи онҳо вобастагӣ надорад.»

Аммо Муҳиддин Кабирӣ ба ин гуфтаи Сайфулло Сафаров мухолиф аст. Вай дар мавриди эҷоди фишор ва маҳудият мегӯяд, ки то ҳанӯз аз тарафи ҳукумат фишореро эҳсос накардааст, вале шояд дар давраи интихобот маҳдудияти гуногун ҷорӣ шавад.

"Аслан ҳеҷ гуна тарсу маҳдудият нест. Агар ҳизбе, ки метарсад, набояд ҳизби мухолиф бошад ва сиёсатмадоре метарсад набояд ҳизби мухолифро роҳбарӣ кунад. Албатта, маҳудиядтҳо дар оянда ҳохад шуд. Аммо мо ҳизбе ҳастем ки бо мубориза дастовардҳои худро ноил шудаем ва омода ҳастем, ки ҳама фишору маҳдудиятҳоро убур кунем."

Соли 2005 ҲНИТ ва ҲКТ аз хилофкориҳо дар ҷараёни интихоботи порумонӣ эътироз намуда, муваққатан иштироки хеш дар Шӯрои ҷамъиятии сиёсиро қатъ карданд. Вале бо гузашти чанд моҳ баъд аз интихоботи ҳамон сол ҳар ду ҳизб, ки дар Маҷлиси Намояндагон вакил доранд, ба Шӯрои ҷамъиятӣ баргаштанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG