Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Клинтон дар сафари Покистон


Ҳилларӣ Клинтон дар масҷиди Подшоҳии Лоҳур, 29 октябри соли 2009.

Ҳилларӣ Клинтон дар масҷиди Подшоҳии Лоҳур, 29 октябри соли 2009.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико таъкид кард, кишвараш азми собит дорад, ба Покистон дар ҷанги зидди ифротгароӣ кӯмак намояд.

Ҳилларӣ Клинтон рӯзи чаҳоршанбе, дар шаҳри Лоҳур бисёр серкор буд. Вай аз масоҷиду ибодатгоҳҳои таърихии шаҳр дидан кард ва бо донишҷӯёни шаккоки покистонӣ сӯҳбати озод дошт ва ҳамчунин бо мақомоти олирутбаи муҳими ҳукумат ва Навоз Шариф – раҳбари мухолифин гуфтӯгу кард.
“Ба андешаи ман, Ҳилларӣ Клинтон саъй дорад, то нишон бидиҳад, ки Амрико шарики воқеъии Покистон аст. На танҳо шарик дар як ҷабҳа, балки шарик дар ҷабҳаҳои гуногун...

Зимни хитоб ба донишҷӯёни покистонӣ, як рӯз баъди бомбгузории маргбор дар шаҳри Пешовар, ки 105 нафарро аксаран занону кӯдаконро кушт, Ҳилларӣ Клинтон ба азми кишвараш ҷиҳати идомаи кӯмак барои рафъи мушкилоти печидаи амниятии Покистон таъкид кард: “Ин ҳамлаҳо ҳоло шояд дар кишвари шумо ба вуқӯъ мепайвандад, аммо ин танҳо муборизаи шумо нест. Ин ифротгароён қасд доранд, ончиро ки ҳам барои мо ва ҳам барои шумову мардуми шумо азиз аст, хароб кунанд. Шумо дар хати аввали ҷабҳа қарор доред ва мо дар канори шумо истодаем. “

Шаҳид Саъдулло – таҳлилгари умури Покистон дар шаҳри Ландан ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон, тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар аст, ки баъди тасвиби барномаи чандмиллиардолларии кӯмаки Амрико ба Покистон таҳти заррабин қарор гирифтааст.

Тарҳи вакилони мардумии Амрико ихтисоси солонаи якуним миллиард доллар барои Покистонро пешбинӣ мекунад, ки бояд барои ҳадафҳои ғайринизомӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар харҷ шавад.

Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат ва низомиёни артиши Покистон шарту шароити сахтгиронаи ин санадро танқид кардаанд, ки истифодаи ҳадафмандонаи маблағҳоро талаб мекунад. Ба гуфтаи онҳо, чунин забони барномаи кӯмакӣ, истиқлолияти Покистонро таҳти суол мебарад.

Шаҳид Саъдулло мегӯяд: “Вай ба Покистон омадааст, то бигӯяд, ки бубинед, мо медонем, ки ҷанг ба зидди терор фақат ҷанги даст ба гиребонӣ нест, балки паҳлӯҳои дигар ҳам дорад ва мо ба инҷо омадаем, то аз паҳлӯҳои дигар масалан дар заминаи рушд кӯмак кунем. Ба андешаи ман, яке аз ҳадафҳои аслии Ҳилларӣ Клинтон, саъй барои кӯмак ба Покистон ҷиҳати рафъи мушкилоти энержиаш аст. Ҳадафи сафари ӯ бештар, тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ аст. ”

Дар рӯзи нахустини боздидаш аз Покистон, Ҳилларӣ Клинтон эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида барои рафъи бӯҳрони хафакунандаи энержии Покистон ва кӯмак ба мардуми фирорӣ аз манотиқи ҷангзада 240 миллион доллар кӯмаки молӣ мекунад.

Амалиёти васеъмиқёси артиши Покистон ба зидди Толибон дар Вазиристони Ҷанубӣ, дар марз бо Афғонистон, ҳазорон хонаводаро беҷо кардааст.

Ба гуфтаи Шаҳид Саъдулло, агар ҳадафи сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон, фурӯ нишондани тамоюлҳои зиддиамрикоӣ дар ин кишвар бошад, пас танҳо сафари мақомоти олирутбаи Амрико наметавонад, тамоми рахнаҳо дар ҳамкориҳои ду кишварро аз байн бубарад.

Аммо мегӯяд, Шаҳид Саъдулло боздиди мазкур заминаи дурустеро барои бунёди ҳамкориҳои хуби дуҷониба мегузорад: “Ба андешаи ман, Ҳилларӣ Клинтон саъй дорад, то нишон бидиҳад, ки Амрико шарики воқеъии Покистон аст. На танҳо шарик дар як ҷабҳа, балки шарик дар ҷабҳаҳои гуногун. “

Вазорати умури хориҷаи Амрико ҷузъиёти сафари Ҳилларӣ Клинтонро ошкор накардааст, аммо бино ба гузоришҳо вай дар Покистон ду рӯзи дигар хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG