Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми рукуд ва эҳёи иқтисоди Амрико


Иқтисоди Амрико, бузургтарин иқтисоди ҷаҳон, аз моҳи июл то сентябр севу ним дар сад рушд кардааст, ки бори аввал аст, тайи як соли ахир мушоҳида мешавад. Омори расмии имрӯза аломати он аст, ки рукуди бадтарини иқтисодии Амрико пас аз соли 1930 поён ёфта ва иқтисоди он ба марҳилаи эҳё ворид шудааст. Ба гуфтаи коршиносони иқтисод, кӯмакҳои молии ҳукумат барои хариди хонаву мошинҳо дар амри рушди иқтисодӣ мусоидат кардааст, аммо онҳо ҳушдор медиҳанд, ки бо назардошти бекории зиёд, эҳёи иқтисодӣ кунд хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG