Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносони Маркази исломшиносии Тоҷикистон иштибоҳи баъзе аз рӯҳониёни тоҷикро дар амри маъруфҳояшонро ошкор кардаанд.

Маҳрами Анварзод, коршиноси ин марказ, гуфт, онҳо пас аз омӯзиши дискнаворҳои мазҳабии домуллоҳои тоҷик ба ин натиҷа расидаанд, ки баъзе аз рӯҳониён дар мавъизаҳои худ ба таҳқири шаҳрвандон, беэҳтиромӣ нисбат ба намояндагони адёни ғайр ва баёни алфози қабеҳ роҳ медиҳанд: “Дар амри маъруфҳои баъзе аз домуллоҳои мо таҳқир ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз нигоҳи қонун дида мешавад. Барои мисол, Домулло Сироҷиддин дар як навораш мегӯяд, шахсе, ки сатр надорад, никоҳаш дуруст нест. Ё шахсе, ки риш надорад, аз ақиби ӯ намоз хондан нашояд, ӯ фосиқ аст. Ва боз мисолҳои дигар”.

Оқои Анварзод мегӯяд, аз нигоҳи қонунҳои як давлати дунявӣ ин таҳқири рӯирости афродест, ки сатри исломӣ ва ё риш надоштаанд: “Ин кас чорчӯбаи ҳуқуқиро поймол кардааст. Яъне, ин ҷо аввалан расидан ба иззати нафси шаҳрвандон аз нигоҳи қонун. Ва дуввум, маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки кафолати озодиҳояшонро Қонуни асосӣ додааст. Бояд ин гуна баёнияҳо назорат шаванд. Зеро пеш аз ҳама давлати мо давлати демократӣ аст”.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикстон, вуҷуди таҳқир ва ё дағалгуфторӣ дар мавъизаи рӯҳониёни
Мавъизагар метавонад бигӯяд, ки намоз бихонед, то ба ҷаннат биравед”.
тоҷикро рад кард.

Аммо вай гуфт, баъзе аз рӯҳониён, ки масоили шаръиро бо баёни тунд матраҳ мекунанд, баъзан аз сӯйи мақомодорон ба унвони таҳқир қабул мешавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз тунд гуфтани рӯҳониён ҷалби таваҷҷӯҳи ҳарчи бештари сокинон ба дини мубини ислом будааст, на тундгароӣ: “Масалан, гуфта бошад, ки касоне намоз намехонанд мустаҳиқи дӯзаханд, дуруст аст, ки барои тарс додани мардум аст. Шояд ин барои баъзе одамон асар кунаду аз роҳашон баргарданд. Аммо мавъизагар метавонад бигӯяд, ки намоз бихонед, то ба ҷаннат биравед”.

Домулло Қурайшхон, аз рӯҳониёни саршинос ва имоми масҷиди Бурхи Валӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳам арзёбии коршиносони маркази исломшиносии Тоҷикистон дар баробари амри маъруфи рӯҳониён дар кишварро якҷониба донист.

Вай гуфт, то ҳоло дар ҳеҷ як аз мавъизаи рӯҳониёни тоҷик даъват ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла таҳқири шаҳрвандону мақомдорон шунида нашудааст: “Ман ҳеҷ чизро дар ин бора нашунидаам. Шояд бошад. Аммо нуқтаи назари худам ин аст, чизе ки набошад, мо мардумро бояд ба иттиҳод даъват кунем. Коре накунем, ки тафриқа эҷод шавад”.

Дар ҳамин ҳол, Саидаҳмади Қаландар, коршинос дар умури мазҳаб, мегӯяд, беҳтар аст, ки амри маъруфи рӯҳониён пеш аз он ки аз минбарҳои баланди исломӣ ироа гардад, барномарезӣ шавад: “Барномарезӣ намекунанд мавъизаҳояшонро. Барномарезӣ накардан ва ё натавонистан, ба он оварда мерасонад, ки як мавзӯъро мегиранд ва мебинанд, фосила зиёда аст ба намояндагони адёни дигар тунд сӯҳбат мекунанд. Ин мардумро мегурезонад. Ҳол он ки давъат кардан ба ислом бояд аз нигоҳи ҳикмат ва мавъиза бошад”.

Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон имомхатибон дар масоҷид ба амри маъруф мепардозанд ва ҳар ҳафта як мавзӯъро баҳс мекунанд ва ё ба саволҳои намозгузорон посух медиҳанд. Маҳрами Анварзод ҳам мегӯяд, ҳоло дар мавъизаҳои ин рӯҳониён то ҳадде нармбаёнӣ ба мушоҳида мерасад.

Вале қабл аз ин ҳама сӯҳбатҳо, мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Нуриддини Тӯраҷонзода, мулаққаб ба Эшони Нуридинҷонро муттаҳам карда буд, ки дар мавъизаҳои ӯ тарғибу ташвиқи зиддиқонунӣ ошкор шуда, дунявияти сохти сиёсии Тоҷикистон таҳти суол бурда шудааст.

Ҳамчунин, дар се соли пеш мақомоти амниятии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати давлатии “Тоҷиккино” садҳо дискнавори мазҳабии Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо, аз рӯҳониёни саршиноси тоҷикро барои зиёдаравиҳояшон дар баёни амри маъруф аз фурӯшгоҳҳо мусодира ва мавриди оташсӯзӣ қарор дода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG