Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурод Дусалиев, муовини аввали мудири ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои барқи миллии Қирғизистон», эҳтимоли ихроҷи Қазоқистонро аз иттиҳоди системи барқи Осиёи Марказӣ ба меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон марбут хондааст.

Оқои Дусалиев гуфт, рахнаандозӣ ба чунин як ҳалқаи барқи минтақа барои ягон кишвари узви ин иттиҳод манфиат нахоҳад овард. Ӯ афзудааст, изҳороти намояндагони барқи ҷониби қазоқ дар мавриди ихроҷи ин кишвар аз иттиҳоди системи барқи Осиёи Марказӣ ҳушдор ба ҳамтоёни тоҷики онҳост, ки гуфта мешавад, нерӯи барқро аз ин ҳалқа аз меъёр бештар истифода бурдаанд ва ин раванд идома дорад. Вай тазаккур додааст, дағал карда гӯем, ҳамаи кишварҳои узви иттиҳоди системи барқи минтақа барои як деги бузург барқ тавлид мекунанд. Вай афзудааст, аз ин дег ҳар як кишвар миқдори нерӯи барқеро бояд истифода кунад, ки барои ин кишвар ихтисос ёфтааст. Ба гуфтаи Мурод Дусалиев, вақте ки аз ин деги бузург ягон кишвар бештар нерӯи барқ мегирад, барои дигарон миқдори ками он боқӣ мемонад, ки бидуни шубҳа барои дигарон қобили қабул нест.

Тибқи иттилои Мурод Дусалиев, вазъият дар системи барқи Тоҷикистон соли равон нисбат ба соли 2008 беҳбуд ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ нақшаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои аҳолии худро тарҳрезӣ кардааст. Муовини аввали мудири ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон» гуфтааст, кишвараш ихроҷи худ аз иттиҳоди системи барқи Осиёи Марказиро ҳаргиз матраҳ накардааст. Вай афзудааст, ки ба ин иттиҳод боз чанд кишвар шомил шавад, ин иттиҳод нерӯманд хоҳад шуд.

Райимбек Мамиров, коршиноси масоили барқи қирғиз, мегӯяд, Тоҷикистон дар ҳудуди 50 ё 60 миллион киловатт соат нерӯи барқи ин иттиҳодро аз меъёр зиёд истифода кардааст. Ин коршинос афзуд, Қазоқистон иқдоми ҷониби Тоҷикистонро риоя накардани шартҳои иттиҳоди барқ арзёбӣ карда, ва ҳушдор доданист, ки ҳеҷ кишвари узви ин иттиҳод ҳақ надорад, ки аз меъёри муқарраршуда бештар нерӯи барқро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Сафорати Қазоқистон дар Бишкек низ тавзеҳ додааст, ки сабаби ихроҷи ин кишвар аз иттиҳоди системи барқи ОМ натиҷаи аз меъёр зиёда истифода кардани барқ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи сафорати қазоқ, агар ҷониби Тоҷикистон тадбирҳои истифодаи берун аз меъёри барқро наҷӯяд, Қазоқистон маҷбур хоҳад шуд, ки аз иттиҳоди системи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG