Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи духӯраи Эрон ба қудратҳои ҷаҳонӣ


Тибқи хабарҳо, Эрон хостори ду тағйири умда дар созишномаи пешниҳодии Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ шудааст.

Пас аз қариб як ҳафтаи поёни мӯҳлат, Эрон ба пешниҳодҳои байнулмилалии марбут ба ғанисозии уран посух дод. Ҷузъиёти ин посух ҳанӯз нашр нашудааст, вале ба навиштаи Ройтерз, Теҳрон мехоҳад, ба он ду тағйири умда ворид кунад.

Аввалан, интиқоли урани камғанишудаашро ба Русия барои табдили он ба сӯхти ҳастаӣ на якбора, балки қадам ба қадам амалӣ кунад. Ва сониян, мубодилаи урани камғанишуда бо маводи сӯхт бояд ҳамзамон ва дар ҳаҷми баробар сурат бигирад.

Тибқи пешнавис Эрон бояд 75 дарсади якуним тонна урани худро дар як ҳамл ба хориҷа фиристад ва маводи сӯхтро аз Фаронса бигирад.

Пешнависро ба думболи нокомии талабҳои қатъи ғанисозии уран раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Барадеӣ баъд аз гуфтушуниди Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Женева таҳия ва ба тарафҳо пешниҳод кард.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун аз Теҳрон даъват кард, ин пешниҳодро ҳамчун як чораи эътимодсозӣ бипазирад.

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, низ шароитро барои ҳамкории кишвараш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқбол кард. Аммо вай нагуфт, оё кишвараш пешнависро ба гунае, ки ҳаст пазируфтааст ва ё хостори тағйиру тасҳеҳи санад мебошад. Балки афзуд, ҳукуматаш як сари сӯзан ҳам аз ҳуқуқи мардуми Эрон ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз баҳсҳо дар дохили Эрон мегӯяд, посухи Теҳрон зоҳири мусбат ва ботини манфӣ дошта, гумон аст, тарафҳоро аз бумбаст дар баҳсҳои ҳастаӣ берун орад. Ғарб шубҳа дорад, ки ҳадаф аз барномаи ҳастаии Эрон дастёфт ба силоҳи ҳастаист, вале Теҳрон пойфишорӣ мекунад, ки фаъолиятҳои ҳастаии он аҳдофи осоишта доранд.

Ҳадаф аз пешниҳоди қудратҳои ҷаҳонӣ коҳиш додани анбори урани Эрон то дараҷаи поёнтар аз сохтани бомби ҳастаист.

Як дипломати ғарбӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, бо талаби тағйиру тасҳеҳи умдаи созишномаи пешниҳодӣ, Эрон мехоҳад, фурсати бештаре барои ғанисозии уран дошта бошад, аммо хатари ин мавҷуд аст, ки талабҳои он ба шикасти тӯлонии музокирот ва таҳримҳои нави зидди Эрон сабаб гардад.

Аз сӯи дигар, тибқи ҳамин пешнавис Эрон ба чаҳор бозраси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ иҷоза дод, аз коргоҳи нави ғанисозии уран дидан кунанд. Дипломати аршади ғарбӣ мегӯяд, бозрасон тавонистанд, кулли коргоҳ ва асноди онро пажӯҳиш кунанд, вале натиҷаи бозрасии онҳо дар гузориши навбатии семоҳаи бунгоҳ мунташир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG