Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Тоҷикистон зукоми хук нест"


Вазорати беҳдошти кишвар мегӯяд, дар Тоҷикистон расман ягон гирифтори маризии зукоми хук қайд нашудааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, яке аз масъулони воломақоми Вазорати беҳдошт гуфтааст, аммо хатари вуруди ин вирус ба Тоҷикистон зиёд аст.

Ҷаноби Ҷаъфаров яке аз роҳҳои вуруди ин маризӣ ба кишварро роҳҳои ҳавоӣ медонад ва мегӯяд, мақомот талош доранд, то ҳама чораҳои ҷилавгирӣ ва беҳдоштиро амалӣ намоянд.

Фурӯдгоҳи Душанбе таҷҳизотеро харидорӣ кардааст, ки ҳарорати бадани мусофиронро месанҷад ва агар мусофире ҳарорати баланд дошта бошад, мавриди пажӯҳиши бештар қарор мегирад, то иллатҳои ҳарорати баландашро бифаҳманд. Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, то ба ҳанӯз чунин ҳол воқеъ наафтодааст.

Ӯ дар мавриди макотиби миёна, ки он ҷо шогирдон бо ниқобҳои тиббӣ мераванд, гуфтааст, дар ин таъсисот ҳар рӯз ҳарорати мактаббачаҳо санҷида мешавад.
XS
SM
MD
LG