Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломи нав доир ба интихоботи Афғонистон


Мақомоти интихоботии Афғонистон имрӯз гуфтанд, назар ба даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар даври дуввум марказҳои бештари раъйдиҳӣ боз мекунанд. Зикриё Борикзай – муовини раиси Кумиссиёни Марказии Интихоботии Афғонистон гуфт, кумиссиёни мазкур қасд дорад, рӯзи 7 ноябр дар даври дуввуми интихобот 6322 маркази раъйдиҳӣ, боз кунад, ки дар муқоиса ба даври аввал ҳудуди 150 марказ бештар хоҳад буд. Даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки олуда ба тақаллуб буд, боиси ҷанҷолу бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвар шуд. Созмони Милал қариб як миллион орои интихоботро бинобар таққалубкориҳо беэътибор эълом кард ва интихобот ба даври дуввум кашид, ки дар он раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай бо Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷа рақобат мекунад. Абдулло Абдулло – хостори барканории раиси кумиссиёни интихоботӣ шудааст, ки ба гуфтаи вай дар тақаллубкориҳо даст доштааст.
XS
SM
MD
LG