Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Эрон ба созиши пешниҳодии атомӣ


Бино ба гузоришҳои матбуоти Эрон, ин кишвар посухи хеш ба тарҳи созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳониро ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шаҳри Вена ироа кардааст. Хабаргузории ИСНА мегӯяд, Алӣ Асғар Султония – намояндаи Эрон дар оҷонси мазкур, дар ин посух хостори “тағйироти фаннӣ ва иқтисодӣ” дар тарҳи созиши ҳастаӣ шудааст. Бар асоси созиши мазкур, Эрон ураниуми нохолиси худро барои табдил ба сӯхти атомӣ ва дар реактори таҳқиқотиаш ба Русияву Фаронса мефиристад. Пештар аз ин Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвараш аз созиши табодули сӯхти ҳастаии пешниҳодӣ аз сӯи Русияву Амрико ва Фаронса истиқбол хоҳад кард, вале бояд қудратҳои ҷаҳонӣ ҳам тааҳудоти хешро дар ин замина иҷро кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG