Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола бар тими мизбон - Непал бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ин бозии даври севуми гурӯҳи «А» 29-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум бозигари мизбонон Малла Нираҷан боз кард. Нуриддин Давронов дар дақиқаи 43-юм аз пенолти ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Шероз Абдуллоев дар дақиқаи 79-ум ба самар расонд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бо чунин ҳайат бозӣ кард: Саидҷон Саидраҳмонов, Шероз Абдуллоев, Аҳтам Назаров, Сергей Абрамов, Расул Файзов, Шодибек Ғаффоров (Ҷамолиддин Зардиев, 86), Нуриддин Давронов, Фариз Аскаров (Руслан Раҳматов, 53), Шавкати Ҳотам (Умедҷон Шарипов, 41), Наим Улмасов, Қурбоналӣ Собиров.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Қирғизистон аз дастаи Урдун бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бозии дастаҳои Фаластин ва Яман бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» дастаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи Урдун бо 7 имтиёз дуввум аст. Яман бо 5 имтиёз дар ҷои севум, Непал бо 3 имтиёз дар ҷои чаҳорум ва Фаластин бо як имтиёз дар ҷои панҷум қарор доранд. Вале дастаи Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Дар даври чаҳорум, 1-уми ноябр, дастаҳои Непал ва Урдун, Қирғизистон ва Фаластин, Яман ва Тоҷикистон бозӣ хоҳанд кард.
Сабқати интихобӣ аз 7 гурӯҳ иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ («А» - «G»), инчунин, якдастаӣ аз манотиқи Ғарбу Шарқ, ки ҷойҳои севумро касб карда, натоиҷи беҳтар ба даст меоранд, ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Макони баргузории сабқати ниҳоӣ пас аз ҷамъбасти мусобиқаи интихобӣ муайян хоҳад шуд.

Бозиҳои сабқати интихобӣ дар гурӯҳҳои «В» (Баҳрайн, Қатар, Шри-Ланка), Сурия ва Аморати Муттаҳидаи Араб), «Е» (Бангладеш, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Тайланд ва Вйетнам), «G» (Чин, Кореяи Шимолӣ, Гуам, Малайзия, Мянмар ва Филиппин) 1-уми ноябр, дар гурӯҳи «С» (Афғонистон, Ҳиндустон, Ироқ, Кувайт, Уммон ва Арабистони Саудӣ) 5-уми ноябр, дар гурӯҳи «F» (Австралия, Тайван, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон ва Сингапур) 7-уми ноябр ва дар гурӯҳи «D» (Эрон, Лубнон, Покистон, Туркманистон ва Узбакистон) 8-уми декабр шурӯъ хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG