Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии «Умед» дар Қирғизистон ҷои дуввумро касб кард.

Сулаймон Бобокалонов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Кант баргузор шуд, 4 даста ширкат дошт.

Бошгоҳи футболи «Азалия», ки дар ҳайати он, аслан, бозигарони мунтахаби Қирғизистон ҳунарнамоӣ мекунанд, ғолиби мусобиқа шуд.

Дастаи Тоҷикистон дар ду бозӣ бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 2:0 ва дастаи дуввуми Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, аз бошгоҳи «Азалия» бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.

Сулаймон Бобокалонов, инчунин, хабар дод, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии рафиқона бар тими мунтахаби духтарони то 16-солаи Қирғизистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард.


Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG