Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 61 маъмури амниятии Ироқ


Як сухангӯи артиши Ироқ гуфт, дар робита ба бомбгузориҳои хунини рӯзи якшанбе дар шаҳри Бағдод, 61 маъмури амниятиро боздошт кардаанд. Генерал Қосим Ато ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтаст, дар миёни боздоштшудаҳо ҳамчунин афсарони баландрутба ҳам ҳастанд. Ҳамаи ин афрод барои посбонии маҳалли қароргоҳҳои ҳукуматӣ сафарбар шуда буданд, ки бомбгузориҳо дар онҷо сурат гирифт. Дар ин ҳамла 153 нафар кушта ва беш аз 500 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Созмони суннимазҳаби Давлати Исломии Ироқ, ки як ҳалқаи Ал-Қоида хонда мешавад, масъулияти бомбгузориҳоро бар ӯҳда гирифтааст, аммо мақомоти расмӣ ҳамчунин маъмурони амниятиро ба бесалоҳиятӣ ва дасиса муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG