Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯзи тоҷикони Қирғизистон


Дар ин силсила аз рӯзу рӯзгори баъзе тоҷикони муҳоҷир сӯҳбат мекунем, ки солҳои навадуми қарни пеш аз Тоҷикистон ба Қирғизистон омадаанд ва дар ҷомеаи ин кишвар аллакай мақому ҷойгоҳи худро дарёфтаанд.

Аксарияти онҳо ба тиҷорат машғуланд, вале иддае аз ин муҳоҷирон, баъди пазируфтани шаҳрвандии Қирғизистон, дар ширкатҳои эрониву афғонӣ ба ҳайси тарҷумон вазифа анҷом медиҳанд.

Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, ки гуфта мешавад, дар ду соли ахир фаъолияташро хеле вусъат бахшидааст, часпу талош менамояд, ки ин тоҷикон эҳсоси ғурбат накунанд. Як нукта низ боиси зикр аст, ки бо пешниҳоди ин созмони ҷамъиятии тоҷикон ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Амриддини Кабир, ки аз соли 1993 дар шаҳри Бишкек ба сар мебарад, ба унвони олии «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» мушарраф шуд. Ба гуфтаи Амриддини Кабир, вай ягона ҳунарманди тоҷик аст, ки дар ғурбат ба ин унвони баланди Тоҷикистон сарфароз гардид ва бори дигар дарк намуд, ки ҳунари овозхонии вай ба Тоҷикистону тоҷикон даркор будааст.

Қодиршои Мурувват, боз як тоҷиктабори муқими Бишкек, мегӯяд, ки соли 1993 ба Қирғизистон муҳоҷир шудааст ва бо аҳли хонаводааш дар ҷомеаи ин кишвар мақому манзалати худро пайдо кардааст. Вай афзуд, ки аз ҳаёти худу аъзои хонаводааш дар Қирғизистон розӣ аст. Ҳамсӯҳбати мо тазаккур дод, ки ҳанӯз тасмим нагирифтааст, кай ба Тоҷикистон бармегардад. Қодиршоҳи Мурувват гуфт, дар ҳамин ҳол, дар яке аз марказҳои илмиву омӯзишии қирғизиву эронӣ, ки дар чаҳорчӯби Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Юсуфи Болосағин фаъолият мекунад, ифои вазифа менамояд ва аз забони форсӣ ва назарияи тарҷумонӣ ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Ба гуфтаи Қодиршоҳи Мурувват, мавҷудияти созмони ҷамъиятии тоҷикон, ки соли 1993 бо саъйу эҳтимоми як гурӯҳ равшанзамирони тоҷики ин кишвар ба фаъолият оғоз намуд, дар ҳифзи забону фарҳанг ва суннатҳои ниёгон нақши хосаеро мебозад. Вай гуфт, бо аъзои хонаводааш ба ин созмон пайваст шуд ва талош ба харҷ медиҳад, ки дар рушду нумӯъи фарҳангу забони форсии тоҷикӣ дар Қирғизистон, ҳамзамон ҳифзи суннатҳои миллӣ саҳмгузорӣ кунад.

Бар асоси суханони ин ҳамсӯҳбати мо вай ноиби раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони кишвараш аст. Қодиршоҳ боз илова кард, ки ифтитоҳи мактаби рӯзи якшанберо барои фарзандони тоҷиктабори муқими Бишкек тарҳрезӣ кардаанд, ки дар зудтарин фурсат бояд фаъолияти худро оғоз намояд.
XS
SM
MD
LG