Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ


Гулподшоҳ Хайлобеков, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо байни устодон дар шаҳри Каунаси Литва медали нуқра ба даст овард.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, дар сабқати ҷаҳонӣ беш аз 200 варзишгар аз 20 кишвар ширкат доштанд.

Паҳлавони тоҷик Гулподшоҳ Хайлобеков дар вазни то 68 килограмм байни варзишгарони синнашон аз 60 то 64-сола бар гуштигирони Молдова, Юнон ва Беларус пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Русия Владимир Самсонов, қаҳрамони 6-каратаи ҷаҳон, мағлуб гашт ва ҷои дуввумро касб кард.

Гулподшо Хайлобеков, мудири мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳри Хоруғ, ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ намояндагӣ кард.
XS
SM
MD
LG