Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи музокироти Амрикову Русия


Ҷеймс Ҷонс – муовини амнияти миллии ҳукумати Амрико имрӯз бо Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Маскав доир ба коҳиши силоҳҳои атомии ду кишвар гуфтӯгу дорад. Қарор аст, Ҷеймс Ҷонс ҳамчунин бо Сергей Патрушев – дабири Шӯрои Амнияти Миллии Русия мулоқот анҷом диҳад. Амрико ва Русия, дар мавриди тарҳи созише гуфтӯгу доранд, ки Аҳдномаи Коҳиши Силоҳҳои Стротежиро иваз хоҳад кард. Мӯҳлати эътибори ин аҳдномаи замони ҷанги сард моҳи декабр ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG