Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз шаҳри Лоҳур


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷии Амрико, боздидаш аз Покистонро идома медиҳад, ки шоҳиди бомбгузории хунин шуд ва чораҳои амниятиро ҳам дар он тақвият бахшидаанд. Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар шаҳри шарқии Лоҳур қарор дошт ва аз як масҷид дидан ва бо донишҷӯёни як донишгоҳ мулоқот кард. Сафари серӯзаи Ҳилларӣ Клинтон рӯзи гузашта ва чанд соат баъд аз як бомбгузории хунин дар шаҳри Пешовар оғоз шуд. Дар ин бомбгузорӣ дар бозори пуриздиҳом, 105 нафар ҳалок ва 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ҳадафи сафари ӯ ба Покистон “боз кардани сафҳаи наве” дар ҳамкорӣ аст. Мунтақидон дар Покистон мегӯянд, Амрико танҳо ҷӯёи ҳимояти Покистон дар амри мубориза бо Ал-Қоида ва Толибон аст.
XS
SM
MD
LG