Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Аҳмадинажод аз созиши нави атомӣ


Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвараш аз созиши табодули сӯхти ҳастаии пешниҳодӣ аз сӯи Русияву Амрико ва Фаронса истиқбол хоҳад кард. Вай ҳамчунин гуфт, агарчӣ Эрон омодаи ҳамкорӣ аст, аммо “кишварҳои дахили ин созиш ҳам бояд тааҳудоти хешро иҷро кунанд.” Тавофуқ бар сари созишномаи табдили ураниуми ғанисозишудаи холисии ками Эрон бо сӯхти атомӣ ҳафтае пеш дар шаҳри Вена ҳосил шуд ва Эрон мегӯяд, ба зудӣ посухи худ дар мавриди созишро ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ироа хоҳад кард. Бар асоси созиши мазкур, Эрон ураниуми нохолиси худро барои табдил ба сӯхти атомӣ ва дар реактори таҳқиқотиаш ба Русияву Фаронса мефиристад. Ҳадаф аз ин созиш фӯру нишондани нигарониҳо аз барномаҳои атомии Эрон аст, ки ба гуфтаи қудратҳои ғарбӣ мехоҳад, бомби атомӣ бисозад. Эрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG