Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили ҷавонони соҳибкор


Акрам, як ҷавони 28-сола, панҷ сол мешавад, ки бо таъсиси як маркази табъу нашри компютерӣ дар Хуҷанд фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондааст. Вай, ки дар ин муддат бо мушкилиҳои зиёд рубару шудааст, мегӯяд, бидуни маблағи кофиву, воситаи ашхоси мансабдор, пеш бурдани кори хусусӣ амри маҳол аст. Аз мушкилоти умдаи Акрам муносибат бо намояндагони идораи андоз будааст.

Фаррух Эгамов, соҳибкори дигар, мегӯяд, ду сол муқаддам ӯ ва бародаронаш машғули кори фермерӣ буданд, аммо назорати пайвастаи мақомот ва талаби пардохтҳои изофӣ онҳоро муфлис кардааст. Аз ҷумлаи пардохтҳои изофӣ мактуби расмии ҳукумат бо даъват дар саҳм дар ободии ин ё он гӯшае будааст. Бародарон тасмим гирифтаанд, ки фаъолияти худро қатъ бикунанд.

Ин ва чанде аз дигар соҳибкорони суғдӣ набуди фазои хуби қарздиҳӣ, иртиботи номунтазами бонкҳо ва мизони ришват дар миёни сохторҳои назоратиро аз сабабу авомили аслӣ дар роҳи пешбурди соҳибкорӣ медонанд.

Илҳом Инъомов, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи ҳукумати Суғд мегӯяд, назар ба солҳои қаблӣ ҳоло як фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ӯ мегӯяд, фармони раисҷумҳур дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ дар кишвар ба тасвиб расидааст, ки дахолати сохторҳои зиёди назоратиро дар кору фаъолияти соҳибкорон ба танзим медарорад.

Тибқи маълумотҳои расмӣ, ҳоло шумори сохторҳои хоҷагидори соҳибкорӣ дар вилояти Суғд ба 37 ҳазор расида, назар ба солҳои қаблӣ 25 дарсад зиёдтар аст.

Коршиноси масоили иҷтимоӣ Бахтиёр Насруллоев, дар такя ба маълумоти пажӯҳишҳо мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ мизони ришваситонӣ дар миёни ашхоси мансабдор шаклу намудҳои навро ба худ касб кардааст. Ин ҳама дар ҳолест, ки сар аз миёнаҳои соли 2008 бар тибқи як фармон раисҷумҳури Тоҷикистон моратория ба ҳама намуди санҷишҳои соҳибкориро дастур дод, ки мӯҳлати он дар моҳи июли соли 2010 поён меёбад.
XS
SM
MD
LG