Пайвандҳои дастрасӣ

На ҳама дар шароити маҳбас ба ҷинояткори ашаддӣ табдил меёбад. Баъзеҳо ислоҳ мешаванд, аммо вақте ба озодӣ мебароянд, зиндагии атроф онҳоро дубора фосид мекунад.

Ҳасан, мусоҳиби 27-солаи мо, ки феълан ҷои кори муайяне надорад, танҳо 6 моҳ аст, ки дар озодӣ ба сар мебарад. Ӯ дар синни 22-солагӣ бо ҷурми истеъмол ва фурӯши маводи мухаддир барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Яъне, онҳо баъд аз 10-15 соли зиндон ба озодӣ мебароянд ва 15 сол пеш ин ҷомеа тамоман дигар буд ва ин ҷомеае, ки онҳо баромаданд, дигар аст...

Ҳасан мегӯяд, дар зиндон ӯ иштибоҳи худро дарк кардаву, тасмим гирифт, ки баъд аз раҳоӣ зиндагии худро ба куллӣ тағйир медиҳад. Бо ин мақсад ӯ орзуву нақшаҳои зиёде мекашид.

Вай мегӯяд: «Аз панҷара ба зиндагӣ ин хел нигоҳ мекардам, мегуфтам, ки ҷавоб шавам, меравам ягон кӯҳистон, ферма мекунам, гову гӯсола мехарам. Хулоса, ҳамин хел орзуҳо мекардам дар зиндон, аммо баъди баромадан тамоми фикрҳои одам тағйир меёфтааст.»

Аммо баробари берун шудан аз паси панҷара, мегӯяд Ҳасан, ӯ дарк мекунад, ки ин ҳама хостаҳои ӯ танҳо орзу боқӣ мемонанд. Аввалин мушкиле, ки баъд аз раҳо шудан аз зиндон пешорӯи собиқ маҳбусон қарор мегирад - ин мутобиқшавии онҳо ба зиндагии маъмулӣ ва қабули онҳо аз сӯи ҷомеаи аллакай барояшон бегона аст.

Дар озодӣ онҳоро мушкилоти фаровоне интизор аст, ки барои дарёфти роҳҳал ба он собиқ маҳбусон омода нестанд. Доғи судӣ қабл аз ҳама монеи дарёфти ҷои кори хуб ва ворид шудани онҳо ба ҷомеа мешавад.

Илҳом, мусоҳиби 30-солаам, низ, ки бо содири ҷинояте солҳои зиёди худро дар зиндон сипарӣ кардааст, акнун дар озодӣ мехоҳад ҷое кор кардаву, зиндагии худу хонаводаашро пеш барад. Аммо Илҳомро, ки қаблан ронанда будааст, акнун наметавонад ба ин кор ҳам машғул шавад.

Бо Илҳом ва Ҳасан дар маркази «Марворид» сӯҳбат доштам. Ин марказ ба зиндониёни пешин ва собиқ нашъамандон кӯмакҳои равониву ҳуқуқӣ медиҳад ва онҳоро аз субҳ то бегоҳ бо хӯрокаву даво таъмин карда, ҳамчунин, барояшон шароити истироҳатиро фароҳам меорад.

Ҷамила Муҳиддинова, равоншиноси созмони ҷамъиятии «Марворид», мегӯяд, зиёданд собиқ маҳбусоне, ки ба чунин кӯмакҳо ниёз доранд, зеро, ба гуфтаи ӯ, аксаран маҳбусон бо як рӯҳияи шикаставу бегона вориди ҷомеа мешаванд ва дар чунин ҳол онҳо на дастгирӣ, балки аксаран табъиз мешаванд, ки боз ҳам боиси мазлуму шикастатар шуданашон мегардад.

«Яъне, онҳо баъд аз 10-15 соли зиндон ба озодӣ мебароянд ва 15 сол пеш ин ҷомеа тамоман дигар буд ва ин ҷомеае, ки онҳо баромаданд, дигар аст. Барои ҳамин, фикрронии онҳо дигар аст, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ҳам хеле сахт аст. Ҳамчунин, онҳо одат кардаанд, тарзе кор кунанд, ки ба онҳо мегӯянд. Яъне, хӯрокашон тайёр ва онҳо танҳо бояд коре кунанд, ки рӯзашонро сипарӣ созанд. Аммо дар озодӣ онҳо бояд худашон пул кор кунанд, фикри хонавода ва фарзандонашонро кунанд.»

Ба гуфтаи таҳлилгарон ва масъулини соҳа, мушкилоти фаровон дар озодӣ ва мутобиқ нашудани собиқ маҳбусон ба ҳаёти маъмулӣ боис мешавад, ки аксаран онҳо дар зиндагӣ роҳгум задаву, дубора ба олами ҷиноят фурӯ мераванд. Ҳолатҳои зиёде ҳам будаанд, ки баъд аз солҳои тӯлонӣ маҳбус ба озодӣ баромадаву, бо гузашти як муддати кӯтоҳ дубора ба паси панҷара бармегардад.

Аз сӯи дигар, Татяна Хотюхина, масъули маркази ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид, ки бо маҳбусон кор мекунад, мегӯяд, ба онҳо афроди зиёде барои кӯмак муроҷиат мекунанд, ки баъд аз зиндон аз манзили зисти худ маҳрум шудаву, бидуни ягон ҳуҷҷат ба қавле дар кӯча мондаанд:

«Маҳбусон қариб ҳама танҳо бо санади таъидкунандаи собиқ маҳалли зисташон ба озодӣ мебароянд, аммо дар таҷриба мушоҳида мешавад, ки манзилҳои онҳо аллакай фурӯхта шудааст ва хешу таборашон онҳоро партофа рафтаанд ва дар натиҷа онҳо бе ҷои зист мемонанд. Ҳамчунин, дар сурати боздошт шиносномаҳои маҳбусон гирифта мешавад, вале баъд аз раҳоӣ шиносномаҳояшон баргардонида намешаванд ва чунин як ҳолате мешавад, ки одамон ҷое қайд нашудаанду, шиносномаи нав ҳам гирифта наметавонанд, онҳо дар кӯча мемонанд, ҷои рафтан надоранд ва дар натиҷа аксарият дубора ба зиндон бармегарданд.»

Равоншинос Ҷамила Муҳиддинова мегӯяд, барои мутобиқсозӣ ва омода кардани ин афрод ба зиндагӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти солим бояд бо онҳо махсус кор бурд.

Зимнан, аз таҷрибаи омода кардани маҳбусон ҳанӯз дар зиндон ба зиндагии хубу солим бо ҷалби онҳо ба касбу корҳои мухталиф дар кишварҳои ғарб фаровон истифода бурда мешавад.

Аммо Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон ва ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон ҳам кор бо маҳбусони собиқ ва дастгириву бо ҷойи кор таъмин кардани онҳоро пешбинӣ кардааст: «Чунин барномаҳо ҳам ҳаст, аммо албатта шояд натавонанд ҳамаи онҳоро фаро бигиранд, чун барои ин маблағгузории зиёд лозим аст.»

Барои ташкили чунин лоиҳаҳои вижаи барқарорсозии афроди ҷинояткор ва баргардонидани онҳо ба зиндагии солим, оқои Ватанов мегӯяд, хуб мебуд агар созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳро ба ин самт бештар созанд.

Зимнан, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ҳам, аз ҷумла «Салиби сурх», Бунёди «Сорос» ва созмони «Марворид», дар самти кӯмаку дастгирии собиқ зиндониён кор мебаранд, аммо Зумрад Избасарова, ҳуқуқшиноси «Марворид», мегӯяд, ин барномаҳо ҳам барои барқарорсозии собиқ маҳбусон ва дур шудани онҳо аз олами ҷиноёт кофӣ нестанд ва ба қавли ӯ, ягона роҳҳал - таъсиси марказҳои вижаи барқарорсозӣ аст.

«Ба ҳар ҳол, барои чунин афрод таъсиси марказҳои вижае, ки ба онҳо кӯмакҳои мунтазами равоншиносу ҳуқуқӣ дода шавад, зарур аст. То онҳо дарк кунанд, ки воқеан ба ҷомеа, ба наздикону хонаводаи худ заруранд. Зеро, аксаран дар хонавода ҳам онҳо ба мушкил дучор мешаванд, масалан, агар зиндонӣ бошӣ, аллакай ҳамсояҳо ҳам ба ту бо дигар чашм нигоҳ мекунанд ва дар оила ҳам нофаҳмиҳо ба миён меояд.»

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, феълан, дар зиндонҳои кишвар беш аз 11 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештар аз 30 дарсади онҳо ҷавонон будаанд. Дар ҳамин ҳол, ахиран раисҷумҳури кишвар санади авфи 10 ҳазор зиндониро ба парлумон пешниҳод кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG