Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузории Пешовар 105 нафарро куштааст


Теъдоди қурбониёни бомбгузории дирӯза дар шаҳри Пешовари Кобул ба 105 нафар расидааст. Мошини бомбгузоришуда рӯзи чаҳоршанбе дар як бозори пур аз занону кӯдакон мунфаҷир шуд. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ - вазири умури хориҷаи Покистон гуфт, ин ҳамла азми ҳукумат барои идомаи амалиёташ ба зидди ифротгароён дар Вазиристони Ҷанубиро нахоҳад шикаст. Бомбгузории хунин дар Пешовар дар остонаи вуруди Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико, ба Исломобод сурат гирифт, ки ба хотири пешниҳоди кӯмак ба Покистон дар ҷангаш ба зидди Ал-Қоида ва Толибон ба ин кишвар омадааст.
XS
SM
MD
LG