Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо нафар дар маросими издивоҷ миёни мӯсафеди 112-сола ва духтари 17-сола иштирок карданд.

Ин маросими издивоҷ дар маркази Сомалӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва домод, ки Аҳмад Mуҳаммад Доре ном доштааст, мегӯяд, ӯ 112 сол дорад. Ҳатто шумори фарзандони домод аз синни наварӯсаш, Сафия Абдуллоҳ, бештар аст - ӯ аз 5 зани қаблӣ 18 фарзанд доштааст.

Пас аз маросими издивоҷ домод гуфтааст, аз Худованд шокир аст, ки имрӯз ба орзуяш расидааст.

Хонаводаи наварӯс гуфтаанд, духтарак бо шавҳараш хушбахт аст.

Навхонадорон аз як деҳа будаанд ва домод мегӯяд, барои духтаре, ки ҳатто барои чабера буданаш ҳам хурдсолӣ мекунад, аз туфулият то ба балоғаташ интизор шудааст. Домод гуфтааст, духтаракро ба издивоҷ маҷбур накардааст, балки бо истифода аз таҷрибааш ӯро ба худ ошиқ кунонида, ба издивоҷ розӣ кунонидаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG