Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши филм дар бораи Майкл Ҷексон оғоз ёфт


Дирӯз ҳамзамон дар 18 шаҳр дар 5 қитъаи ҷаҳон нахустнамоиши филми мустанади "This is it", яъне “Ҳамааш ҳамин!” баргузор шуд, ки охирин тамриноти овозхони фақид Майкл Ҷексонро рӯи навор овардааст. Ин филм бар пояи 100 соат навори тамринҳое, ки Ҷексон қабл аз бозгашташ ба саҳна анҷом медод, таҳия шудааст. Майкл Ҷексон, ки рӯзи 25 июн дар синни 50 аз олам чашм пӯшид, тайи 4 моҳи пеш аз маргаш дар Лос-Анҷелес ба хотири омодагӣ ба консерти моҳи июлаш дар Лондон як силсилаи тамринҳо анҷом дода буд.
XS
SM
MD
LG