Пайвандҳои дастрасӣ

Хашми ҳомиёни ҳуқуқи башар аз тасмими ИА


Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз тасмими ИА дар мавриди лағви таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистон ба хашм омада, гуфтаанд, Тошканд бо вуҷуди адами пешрафт дар амри беҳбуди вазъи бади ҳуқуқи башар ҷоиза гирифтааст. Созмонҳои Human Rights Watch, Хабарнигорони бидуни марз ва Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар як баёнияи муштарак гуфтанд, ки қарори Брюссел “сарпечии бешармона аз масъулият дар баробари қурбониёни бадрафторӣ дар Узбакистон” аст. Вузарои хориҷаи ИА рӯзи сешанбе таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистонро, ки 4 сол пеш дар пайи бераҳмона саркӯб шудани тазоҳуроти эътирозии мардум дар Андиҷон ҷорӣ шуда буд, лағв карданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ИА-ро ба он айбдор мекунанд, ки ба хотири ахзи ҳамкории Тошканд дар амри кӯмак ба амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон даст ба лағви таҳримоташ алайҳи Узбакистон задааст.
XS
SM
MD
LG