Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзанди Звиад Гамсахурдиаро боздошт карданд


Фарзанди нахустин раисиҷумҳури Гурҷистони пасошӯравӣ Звиад Гамсахурдиа дар Тифлис бо иттиҳоми паррондани ҳамсояаш боздошт шудааст. Ҷабрдида дар ҳоли вахим дар бемористон қарор дошта, вазорати умури дохилаи Гурҷистон мегӯяд, Тсотне Гамсахурдиаро шоми сешанбе дастгир кардаанд ва ӯ феълан дар идораи пулис ба сар мебарад.
Далели ин тирандозӣ ҳанӯз рӯшан нест. Тсотне Гамсахурдиа дар сентябри соли гузашта бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия низ боздошт шуда буд.
Звиад Гамсахурдиа соли 1992 аз қудрат барканор шуда, соле баъд ҷасади ӯро дар як ҳолати мармуз пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG