Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Буснӣ сафараш ба Шветсияро лағв кард


Раисиҷумҳури Буснӣ Зелико Комшич дирӯз сафараш ба Шветсияро ба нишони эътироз ба раҳоии пеш аз мӯҳлати раҳбари собиқи сербҳои Буснӣ Миляна Плавшич лағв кард. Хонум Плавшич рӯзи сешанбе дар пайи адои аз се ду ҳиссаи ҳукми 11-солааш аз як зиндон дар Шветсия озод шуд. Додгоҳи Ҳейг Плавшичро соли 2003 бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти ҷанг дар солҳои ҷанги Буснӣ ба 11 соли ҳабс маҳкум карда буд.
Зелико Комшич гуфт, ҳарчанд қонунҳои Шветсия раҳоии пеш аз мӯҳлатро иҷозат медиҳанд, давлати Шветсия хеле фаъолона аз ин ҳаққ истифода будааст ва ба ҳамин далел ӯ ба Стокҳолм нахоҳад рафт. Қарор буд, ки ӯ сафарашро рӯзи 4 ноябр оғоз карда, бо подшоҳи Шветсия Карл Густав мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG